Дар Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Аз 316 нафар довталабон 296 нафар дар даври сеюми озмун ширкат варзида, 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлкат.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 18 то 23 октябр даври ниҳоии озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки ҳайати ҳакамон, иборат аз санъатшиносону мусиқишиносони шинохтаю варзидаи кишвар доир гардид.
Дар даври ниҳоии озмун иштирокчиён аз ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳунару маҳорати хешро манзури ҳайати ҳакамон гардониданд.«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври ниҳоии ин озмун 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.