Истифодаи роҳҳои дурусти заминҳои наздиҳавлигӣ

Ҳукумати мамлакат баланд бурдани саҳти некӯаҳолии сокинони кишварро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас андешидаву роҳандозӣ менамояд. Дар ин росто шаҳрвандони кишварро низ мебояд то аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, баҳри беҳтар шунади зиндагии худу атрофиён талош намоянд.

Яке аз роҳҳое, ки метавонад буҷаи оилаи ҳар яки моро ғанӣ гардонад, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад. Хушбахтона, дар кишварамон шахсони таҷрибадору рӯзгордида зиёданд, ки дар умри хеш аз ҳар як имтиҳони зиндагӣ сабақи рӯзгор омӯхта, имрӯз барои фаъолияти созгори мо маслиҳатҳои муфиди худро дареғ намедоранд.

Холмад Алимардонов бар замми оне, ки имрӯзҳо даврони пирӣ меронад, талош менамояд, то бештар кунад меҳнату ранҷ биёбад ганҷ. Мавсуф дар қитъаи замини наздиҳавлигиаш имрӯз гармхона ташкил карда, онҷо гашничу пиёз ва дигар маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро парвариш менамояд.

Шаҳобиддин Каримов бошад, ҳамарӯза меояд назди қуттиҳои занбӯри асал. Ба қавли ӯ, машғул гаштан бо ин шуғл, пеш аз ҳама, рӯҳану ҷисман инсонро табобат мекунад. Баъдан, асали табиие, ки истеҳсол мешавад, дармонбахши садҳои маризии дигар аст.

Ӯ замини дар ихтиёрбудаашро самаранок истифода карда, чандин маротиба кишт менамояд ва аз гулу гарди онҳо замбӯрон шаҳду асал мерӯёнанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло вақти он расидаст, ки мо бештар ба масҳулоти миллӣ рӯй оварем ва аз шириниҳое, ки дар ҳолати сунъӣ истеҳсол мешавад, даст кашем.

Бузургон бо таззодҳои зиндагӣ дасту панҷа нарм намудаанд ва медонад, ки бе захираи маҳсулоти кишоварзӣ наметавон дуру дер зист. Ин аст, ки собиқадори меҳнат Холмад Алимардонов анвои гуногуни масҳулоти кишоварзиро барои чанд рӯзу моҳу сол захира намудааст. Мавсуф гуфт, ҳамаи ин аз порчаи замини дар ихтиёрбудааш ҳосил гардидааст, ки талаботи яксолаи хонаводаашро ба пуррагӣ бароварда менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки истифодаи ҳар як ваҷаб заминҳои корам имконияти истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзиро ба вуҷуд меорад. Пас, ҳар яки моро низ мебояд, то аз ин имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар таъмини хонадони худ бо анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор бошем.

 Бахтовар АМИНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE