Баррасии ҳамкориҳои гумрукии Тоҷикистону Узбекистон дар Тошканд

Тақвияти ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Мухторов дар Тошканд баррасӣ гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон доир ба густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар изҳори назар намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти пурсамари низоми гумрукӣ ва мусоидат дар ҳамлу нақли молу маҳсулот пешниҳодҳои мушаххасро ироа намуданд.

Ҳамзамон тарафҳо масъалаи тезонидани муоинаи гумрукӣ ва пешгирии танбашавии воситаҳои нақлиётӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадиро баррасӣ намуда, барои таҷдид ва афзудани иқтидори қабули нақлиёт дар гузаргоҳи сарҳадии «Бекобод» ва таъсиси гузаргоҳҳои нави дорои аҳамияти байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE