Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар АМА иштирок мекунанд
Аз 27 октябр то 8 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор мешавад, хабар дод президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов.
Ин мусобиқа дар ду равия миёни дастаҳои мунтахаби расмӣ доир шуда, рақобатҳо байни дастпарварони клубҳо ва академияҳои ин намуди варзиш сурат мегиранд.
Дар мусобиқаи мазкур 11 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд. Ҳайати дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон аз ҳисоби Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба Устоди варзиш, Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва чемпионҳои ҷаҳону Осиё мукаммал карда шудааст.
Сунатулло Одинаев дар вазни 46кг, Муҳаммадҷон Хоҷаев бо Ибодулло Ибодов, ҳарду дар вазни 56кг, Рошид Неъматов дар вазни 73 кг ва Маъруфҷон Назарзода дар вазни 94 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон миёни ашхоси маъюб (пара ҷиу-ҷитсу) Абдуманон Раҳимов дар вазни 77 кг Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.