280 хизматчии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ савганд ёд намуд

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавии савгандёднамоии наваскарон ба охир расид. То 7 июни соли равон 280 хизматчии ҳарбии Кумитаи мазкур барои хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан савганд ёд кард. Дар ин хусус Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

7 июни соли равон дар қисмҳои ҳарбии Кумита, ки дар қаламрави ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Вахш ва Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд, чорабинии тантанавии савгандёдкунии наваскарон баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти Кумита иштирок намуданд.

Наваскарон дар вазъияти тантанавӣ ба номи Ватан савганд ёд карданд. Онҳо қавл доданд, ки софдилона ва аз дилу ҷон ба сарзамини аҷдодӣ хидмат мекунанд ва ба иҷрои ҳар амру супориш барои дифоъ аз марзу бум ва таъмини амнияти давлат омода хоҳанд буд.

Сарбоз Низомиддин Салимҷонов иброз кард, ки «бароям лаҳзаи савганд ёд кардан басо ҳаяҷоновару хотирмон буд. Ман ҳамеша орзу доштам, ки хидмати ҳарбӣ кунам. Ин ҷо муддати ду ҳафта моро ба ҳама нозукиҳои хидмат ошно карданд, низомро омӯхтанд. Мақсад дорам, ки баъди анҷоми хидмати дусола сарнавишти худро ба кори ҳарбӣ пайвандам ва бовар дорам аз уҳдаи ин кор мебароям».

Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ фармондеҳон, волидоне, ки дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, собиқадорон ва намояндагони дигар ниҳодҳои марбута оид ба иҷрои қарзи фарзандӣ-хизфи Ватан-Модар ибрози андеша намуда, ба наваскарон барои иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои сарбозӣ комёбиҳо орзу намуданд.

Ҳамаи ин маросимҳои тантанавӣ бо сафороии ҳарбӣ ва гузашти низомӣ ба анҷом расиданд.

АКС: Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE