Дар Душанбе ҳамоиши “Муқовимат ба шиканҷа, амалҳо ва дастовардҳо” баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе  дар мавзуи “Муқовимат ба шиканҷа, амалҳо ва дастовардҳо” ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Коршиносон баргузории чорабинии мазкурро дар амри пешгирӣ аз ин падидаи номатлуби ҷомеъа мувофиқ ба мақсад арзёбӣ мекунанд.

Дар давоми 9 моҳи соли 2022, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар аз шиканҷа шуданашон шикоят кардаанд. Дар ин бора Шариф Қурбонзода Директори донишкадаи Прокуратураи генералӣ зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Муқовимат ба шиканҷа, амалҳо ва дастовардҳо” иброз намуд. Ҳамоиши мазкурро Прокуратураи гералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ роҳандозӣ намуда, ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсад аз баргузории он татбиқи амалии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 арзёбӣ мегардад. Ба гуфтаи Фозил Оқилов-директори Маркази такмили ихтисоси адвакатҳои ҶТ, шиканҷа қисми таркибӣ ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон буда, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла пешгирии шиканҷа, ҳамагуна муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, бахусус мақомоти прокуратураву суд маҳсуб меёбад.

“Ҷумхурии Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ- ро аз 10 феврали  соли 1995 эътироф намудааст, ки дар доираи он шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ба ҷазои бераҳмона, ғаринсонӣ  ё таҳқиқкунандаи шаъну шараф манъ буда, вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ба шумор мераванд”.

Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирии шиканҷа бори аввал соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии кишвар тағйиру иловаҳо ворид гардида, меъёри алоҳида бо номи “шиканҷа” муқарар ва соли 2020 ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани он пурзӯр карда шуд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE