ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ФУТБОЛИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи “С” шомил шуд ва бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни мунтахабҳои ҷавонон аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.

Дар рафти қуръакашӣ, ки 26 октябр дар шаҳри Тошканд доир гашт, 16 даста ба 4 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Дар натиҷаи Чемпионати Осиё-2023 миёни ҷавонон 4 дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE