Нахустин амали Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ — ин бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 1991 ҷамъбаст гардида, Парчами Тоҷикистон қабул карда шуд. Нахустин амали Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи таърихӣ- ин бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд. Ин нуктаро Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов 23 ноябр зимни ҳамоиши муштараки тантанавии Агентии хизмати давлатӣ ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Дар ҳамоиш таҳти унвони «Парчами давлатӣ-ифтихори миллӣ» Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев, иҷрокунандаи вазифаи сарходими илмӣ-профессори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Баҳриддин Ализода, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб сухан гуфтанд.

Директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов иброз дошт, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрии давлат ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯйи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад. Он ифтихори сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE