Мулоқоти Акрам Каримӣ бо муовини вазири саноат ва сарватҳои маъдании Арабистони Саудӣ

12 марти соли 2023 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пошоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири саноат ва сарватҳои маъдании Арабистони Саудӣ оид ба истихроҷи маъдан Холид Ал-Мудайфир баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи саноат ва истихроҷи маъданҳо баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE