Минбаъд фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав аз назди Боғи миллӣ ба роҳ монда мешавад

Бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти аз самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, назди Боғи миллӣ нуқтаи таваққуфи нақлиёти мусофирбар бо шароити мувофиқ ба истифода дода шуд. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода бо роҳбарони сохторҳои дахлдор, корхонаву ҷамъияти нақлиётии мусофирбари пойтахт ронандагону мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт иброз гардид, ки бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёи мусофирбар шурӯъ аз 23 ноябр аз хизматрасонии таваққуфгоҳи нақлиёти мусофирбари назди Боғи миллӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода истифода намоянд.

Инчунин бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба таваққуфгоҳи нақлиёти мусофирбари назди Боғи миллӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ба роҳбарони сохторҳои марбута ва ҷамъияти нақлиётӣ супориш дода шуд, ки то муҳлати муайян воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз маҳаллаи Зарнисор ба терминали мазкур интиқол диҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE