Рӯзноманигорони тоҷик аз шабакаҳои телевизиони «Узбекистон», «ЗӮР ТВ» ва «Севимли» боздид намуданд

Ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни сафар ба Узбекистон аз сенати Маҷлиси Олийи Узбекистон боздид намуда, ҳангоми мулоқот бо сенаторҳо доир ба ҳамкории ду кишвар дар бахши илму фарҳанг, иттилооту коммуникатсия табодули назар намуданд.

Ҳайати рӯзноманигорони тоҷик аз шабакаҳои телевизионии «Узбекистон», «ЗӮР ТВ», «Севимли», идораи нашрияҳои «Даракчӣ», «Суғдиёна», матбааи «КолорПак», маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии «IT-Park», Донишгоҳи давлатии журналистика ва иртибототи оммавии Узбекистон ва мавзеъҳои таърихию осорхонаҳои Тошканд боздид намуда, бо фаъолияти ҳамкасбони узбеки худ аз наздик шинос шуд.

Ҳамзамон дар Маркази миллии матбуоти Тошканд мулоқоти ҳайати журналистони Тоҷикистон бо ҷомеаи журналистии Узбекистон сурат гирифта, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардиданд.

Сафари ҳайати журналистони тоҷик ба кишвари ҳамсоя дар доираи таҳкими ҳамкории ду кишвар тибқи Созишнома миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Узбекистон, ки соли равон дар Тошканд ба тасвиб расида буд, сурат гирифтааст.

Ҳамзамон интизор меравад, ки ҳайати рӯзноманигорони тоҷик аз шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Бухоро боздид намуда, ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин шаҳрҳои қадимиро тамошо намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE