Темур Раҳимов дар Чемпионати Аврупо сазовори медали нуқра гардид

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Чемпионати дзюдои Аврупо миёни бузургсолон дар ҳайати дастаи «Red Star» -и Сербия ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Дар ин бора дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ниҳоӣ дастаи «Red Star» аз дастаи «Fighter»-и Гурҷистон ноком шуд.

Ёдовар мешавем, ки 6 ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон Чемпионати Аврупо миёни бузургсолон (European Judo Championships — Champions League (W&M) 2022) баргузор гардид.

Рақобатҳо аз рӯи 10 вазн (5 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) миёни 161 ҷудокор аз 26 кишвари ҷаҳон доир шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE