Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар Форуми байналмилалии таҳиякунанда ва истифодабарандагони маълумоти оморӣ ва ҷаласаи навбатии 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Санкт — Петербурги Русия доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Форуми байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуд. Гирд овардани намояндагони мақомоти омори давлатҳои аъзо, ки дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ масъул мебошанд, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ ба низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии омори расмӣ, раванди рақамикунонии иттилооти оморӣ, истифодаи захираҳои инсонӣ дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳадафҳои асосии форум мебошанд.
Дар Форуми байналмилалӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар мавзуи «Навкунии низоми омори миллӣ» маъруза намуд.
Дар ҳошияи форум ҷаласаи навбатии 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби роҳбарони мақомоти омори давлатҳо масъалаҳои мубрам матраҳ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон