Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё таъсис ёфт. Дафтари марказии он дар Душанбе ҷойгир мешавад

Тавре қаблан хабар додем, аз 27 то 30 октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳнамоии Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF) мақоми аввалро касб кард. Варзишгарони тоҷик 9 медали тилло, 8 нуқрагӣ ва 18 биринҷӣ ба даст оварданд.

29 октябр дар Холдинги варзишии «DOROB» возӯрии аъзои федератсияҳои кишварҳои Осиё баргузор гардид, ки дар он созмони нав — Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё (AMMAF) ташкил карда шуд. Дафтари марказии AMMAF дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар варақаи матбуотии TAJMMAF гуфта шудааст.

Президенти IMMAF Керрит Браун ва директори осиёии Шӯрои директорон Виссам Аби Надер санадеро имзо ва пешниҳод карданд, ки тибқи он Федератсияи ММА-и Осиё ба таври расмӣ ҳамчун созмон ҳуқуқ пайдо менамояд.

Тибқи ҳуҷҷат, ҳадафи AMMAF аз он иборат аст, ки аъзои он дар рушди MMA ба ҳамдигар кумак расонанд. Ба уҳдадориҳо риояи Кодекси рафтори IMMAF, риояи арзишҳо ва принсипҳо, аз қабили ҳифз, рушд ва пешбурди арзишҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ MMA дар саросари ҷаҳон ва пешгирии ҳама гуна амалҳое, ки адолатнокии мусобиқотро зери хатар қарор дода ё сабаби пайдоиши фасод дар варзиш мегарданд, шомил шудаанд.

Муҳаммад Қамбар (Баҳрайн) раиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё таъйин шуд. Ба вазифаи ноиби якуми президенти AMMAF чанд номзад пешбарӣ шуда буданд. Зимни баррасиҳо ва овоздиҳии умумӣ миёни аъзои федератсияҳо президенти TAJMMAF Даврон Ҷӯраев ноиби аввали президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё таъйин гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Фаррух Халимов (TAJMMAF) дабири кулли AMMAF таъйин шуд.

Ҳамчунин миёни федератсияҳои ММА-и Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Эрон ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE