Кишоварзони ноҳияи Зафаробод бо истеҳсоли 30 578 тонна пахта нақшаи истеҳсолро 100,1 % иҷро намуданд
4 декабр заркорони зафарманди ноҳияи Зафаробод нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Соли равон кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 13943 гектар тухмиҳои серҳосилу ба маҳал мутобиқи «Хуҷанд-67», «Дӯстӣ», «Султон», «Мая» кишт карда, уҳдадор шуда буданд, ки 30 ҳазору 560 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. То рӯзи 4 декабр заркорони ноҳия 30 ҳазору 578 тонна пахта истеҳсол карда, нақшаи пешбинишударо 100,1 фоиз иҷро намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ноҳияи Зафаробод аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилоят маҳсуб ёфта, кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши назаррас мегузоранд. Ҳамасола барои таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, пойгоҳҳои обкашии ноҳия сари вақт ба мавсим омода карда мешаванд. Натиҷаи чунин дастгириҳо буд, ки имсол аҳли меҳнати ноҳия нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карданд.