Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ТУРИЗМ ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ-2022» муаррифӣ гардид
Аз 30 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим– 2022» баргузор гардид, ки дар қатори беш аз 300 намояндагии соҳа аз 30 кишвари ҷаҳон 50 ширкати сайёҳии ватанӣ зарфияти бойи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар кори намоишгоҳ роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, роҳбарону намояндагони ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, шарикони рушд, аз ҷумла Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, дафтари АКТЕД дар Душанбе иштирок намуданд.
Дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии экологӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни бою қадимӣ инъикос гардиданд.
Платформаи намоишгоҳ имкон дод, ки дар он ташкилоту ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳии кишвар хизматрасониҳои худро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон тариқи вохӯриҳои «В2В», ки зимни намоишгоҳҳои мазкур баргузор мегарданд, тавонистанд бо ҳамтоёни худ ҳамкориро бо имзои силсилаи созишномаҳо тақвият бахшанд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазир – Вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов баргузор гардид. Дар он масъалаи дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд муҳокима гардид.
Ҳамчунин вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Палатаи тиҷоратии Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ бо қароргоҳ дар Сингапур, Хадамоти тиҷоратии BBC World News дар Авруосиё баргузор шуданд.
Бо мақсади тавсеи бештари ҳамкорӣ дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти сайёҳии Федератсияи Россия, Қазоқистон ва вилоятҳои Фарғона, Қашқадарё ва Сурхондарёи Узбекистон анҷом дода шуд.