ШАБОНАРӮЗИ ГУЗАШТА ҲОЛАТҲОИ СИРОЯТЁБӢ БА КОВИД-19 БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУД

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Дар маҷмӯъ то имрӯз, 11 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13215 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ҳамзамон, 3 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки ин беморӣ дар хона зери назорати табибон қарор доранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE