Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатиро муҳокима карданд

12-19 декабр дар шаҳри Гулистон (Ҷумҳурии Узбекистон) вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ пешниҳодҳои тарафҳо оид ба гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни музокирот тарафҳо корҳои анҷомдодаро дар соли 2022 натиҷагирӣ карда, Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа намуданд.

Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE