Исмоили Маҳмадзоир дзюдочиёни тоҷикро бо мураббиёни ҷопонӣ таъмин ва ба Австрия барои тамрин равон менамояд

Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар доираи сафари корӣ ба Аврупо чанд созишнома ба имзо расонид. Дар ин бора дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи яке аз ин созишномаҳо, дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аввали моҳи январи соли 2023 барои тамрин ба шаҳри Венаи Австрия сафар мекунад.

«Барои тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон президенти Федератсияи дзюдо  барои соли 2023 ва солҳои оянда мураббиёни ботаҷрибаи  ҷопониро ҷалб кардааст, то дзюдочёни мамлакат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъ оваранд», — тазаккур доданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Ҳамзамон барои таъмини тиббӣ-биологии раванди тайёрии варзишгарони дастаи мунтахаб мутахассисони тиббии варзиш ҷалб карда мешаванд.

Яке аз вазифаҳои муҳими масъулин ва роҳбарияти тозаинтихоби Федератсияи дзюдои Тоҷикистон- ин дарёфти шумораи бештари роҳхатҳои олимпӣ ва махсусан медали деринтизори олимпӣ мебошад.

Исмоили Маҳмадзоир гуфт, ки баҳри рушди дзюдо дар мамлакат, дастгирии варзишгарон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи  варзишии кишвар  тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар пойтахти Тоҷикистон соли оянда бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Гран-при оид ба дзюдо, ки дар он қариб 300 нафар варзишгарон аз зиёда аз 30 кишвар барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубориза мебаранд, баргузор мегардад.

Мусобиқа 2 июни соли 2023 ба нақша гирифта шуда, ду рӯз идома меёбад. Мусобиқа «Grand Prix Dushanbe-2023» ном гирифтааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE