Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи 55-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок кард

Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи 55-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ба кор оғоз намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Тоҷикистонро дар ин иҷлосияи сатҳи баланд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода  намояндагӣ менамояд.

Иҷлосия аз 26 феврал то 5 апрели соли 2024 дар шаҳри  Женева идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE