Ҳавои рӯзҳои охири соли 2022 дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Се рӯзи охири соли 2022 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.

Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 29 то 31 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ рӯзҳои охири моҳи декабр ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 4 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон дар ин рӯзҳо ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона то 22 ва рӯзона то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Дар рӯзҳои охири соли 2022 дар вилояти Xатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва шабона барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 5 то 11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 то 11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд аз 29 то 31 декабр ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE