НАҚШИ ПАЁМ ДАР РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

28 – уми декабри соли 2022 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Паём дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» бо ширкати олимону мутахассисони соҳа дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Ректори Донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ба кори конфронс оғоз бахшида, дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва дастгириҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми тоҷик сухан ронд, инчунин, изҳор дошт, ки эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷиҳати рушди илмҳо ва баргузории озмуни ҷумҳурии “Илм фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи иқдомҳои мондагори Сарвари давлат ба ҳисоб меравандДар идома дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ Абдуллозода Ҳикматулло дар мавзуи “Роҳҳои ҳалли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва мудири ҳамин кафедра дотсент Нуриддин Султонҳайдаров дар мавзуи “Нақш ва хидматҳои Пешвои муаззами Миллат дар рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ” суханронӣ карданд. Инчунин, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байни фарҳангӣ Муҳаббатшо Қобилов дар мазуи “Муҳимияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо” ва омӯзгори кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ Қумриннисо Баҳодурова дар мавзуи “Инъикоси масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Паёми Пешвои миллат” баромад намуданд.Дар охир миёни ҳозирин ва баромадкунандагон музокира сурат гирифта, ду нафар омӯзгори кафедра Суҳроб Бобокалонов ва Бахтовар Шамсов барои ҳимоя кардани рисолаи номзадӣ аз ҷониби раёсати Донишкада қадрдонӣ карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE