217 нафар сокинони ниёзманди шаҳри Ҳисор соҳиби замин гардиданд

Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат сокинони ниёзманди шаҳри Ҳисор соҳиби замин гардиданд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар дод.

Бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар аз ҳисоби фонди манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар мавзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Сомон ба 217 нафар сокинони ниёзманди дар навбатбудаи шаҳр, аз ҷумла омӯзгорону табибон, собиқадорони хизмати давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонаводаҳое, ки 3-4 ва ё бештар аз он оилаҳо дар он иқомат доранду аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ниёзманд эътироф шудаанд, замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Тақсимот шаффофу одилона доир шуда, сокинон бо усули қуръапартоӣ соҳиби талони рақамдор ва қарори замин шуданд.

Раиси шаҳр зикр намуд, ки «Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад. Сокинон дар навбати худ бояд манзилҳои истиқоматиашоно дар такя ба усулҳои зебои меъморӣ бунёд намоянд ва минтақаҳои пешбинишуда барои сохтмони инфрасохтор, амсоли иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоиро тасарруф накарда, оқилона истифода баранд».

Мавриди зикр аст, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор танҳо дар 11 моҳи соли 2022  1548 нафар шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 312 нафар зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, соли 2022 ба 641 оилаи ниёзманди шаҳри Ҳисор қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид, ки майдони умумии беш аз 40 гектарро ташкил медиҳад.

АКС: МИҲД-и шаҳри Ҳисор

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE