Дар ҳавзаи дарёи Мурғоб баҳри пешгирии ифлосшавии кӯли Сарез симтӯри 40-метра кашида шуд
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бо мақсади пешгирии ифлосшавии кӯли Сарез дар ҳавзаи дарёи Мурғоб, воқеъ дар буриши дарё дар мавзеи Модиён бо дарозии 40 метр ва паҳноии 75 см симтӯр кашид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мусоид омадани вазъи ҳаво ва кушода шудани роҳҳои мошингард дар дарёчаи мавзеи Бозордараи ноҳияи Мурғоб низ чунин кор анҷом дода мешавад. Ҳоло дар давраи сармо дар ин мавзеъ давраи яхбандӣ буда, охирҳои моҳи майи соли 2023 анҷоми ин амал имконпазир мегардад.
Бо назардошти он ки минтақаи кӯли Сарез мавзеи ҷалби сайёҳони хориҷӣ маҳсуб мешавад, ташаббуси мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ҳифзи объектҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист