Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ садҳо нафарро дар Ҳисор бо ҷойи кори доимӣ таъмин кард
Аз ҷониби Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор барои бо кор таъмин намудан ва соҳибкасб намудани сокинони бе шуғл тамоми чораҳо андешида шуда аз аввали сол то имрӯз зиёда аз 10 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори озод доир карда шуд, ки таввасути онҳо садҳо нафар бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Мавӯъро ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода пайгирӣ намудааст.
Бо шуғли фарогирифтани аҳолӣ ва соҳибкасб гардидани сокинони қобили меҳнат аз самтҳои асоси фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар тамоми шахру нохияҳои ҷумҳурӣ буда, дар ин самт барномаи миллӣ низ мавриди амал карор дод шудааст. Ба гуфтаи Абдушукур Маҳкамов – муовини сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор ҳамасола бо талошҳои агентии мазкур то 1500 нафар шаҳрвандони ин шаҳр бо ҷои кор таъмин мегарданд. Номбурда ташкили ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар паст намудани шиддати бекорӣ дар ин шахр мухим арзёбӣ кард.
Ба мушоҳида мерасад, ки солҳои охир аксари корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор бо иллати куҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти техникӣ ва ё норасоии маблағ аз фаъолият боз мондаанд ва боиси барҳам хурдани садҳо ҷойхои корӣ гардидаанд. Абдушукур Маҳкамов – намояндаи Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор мегуяд, талаботи бозори дохилиро ба назар гирифта дар хамкори бо 80 корхонаи саноатӣ ярмараки ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил намудаанд, ки тавасути онхо даҳҳо нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Ҳамасола тибқи нақшаи аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ аз чониби Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 300 нафар ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта мешаванд. Абдушукур Маҳкамов – муовини сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор дар пасманзари талаботи бозори меҳнат ташкили курсхои навро мувофиқ ба мақсад арзёбӣ кард.
Дар паёмашон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд, ки « Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуда, дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гарданд, то сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта шавад». Масъулони бахши Раёсати агнетии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои ин дастурҳои паёми сарвари давлат, имрузҳо аз тамоми чораҳои амалӣ кор мегиранд, то дар соҳибкасб ва шуғлнок намудани аҳолӣ саҳми муносиб гузоранд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе