ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Вакилон сокинони Тоҷикистонро ба саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа даъват намуданд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат муҳтавои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шарҳ доданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода ва Парвина Маликзод оид ба бандҳои Паём маълумоти муфассал дода, ҳозиринро ба иҷрои дастуру супоришҳои дар он ироагардида даъват намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

Ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳи НБО-и «Норак» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатаи Данғара №36 Зулфиқор Гулаҳмадзода бо кормандони неругоҳи мазкур баргузор гардид.

Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода ба ҳозирин ҳадафи вохӯриро шарҳ дод. Баъдан Зулфиқор Гулаҳмадзода оид ба самтҳои асосӣ ва муҳиму афзалиятноки Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуд, ки «баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба неругоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад».

Дар баробари ин бояд гуфт, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст.

Муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода ва Директори НБО-и «Норак» ба номи Турсун Улҷабоев Фазлиддин Шоиддинов нуктаҳои асосии Паёмро таҳлил намуда, сокинонро ба фаъолнокию саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти ҷомеа даъват намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE