Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон 9 варзишгар муаррифӣ менамоянд

4 октябр дар шаҳри Одивелоси Португалия дар доираи «World Judo Tour» Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз ёфта, то 7 октябр идома меёбад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 варзишгар, аз ҷумла Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, Сайфидин Сайфидинзода дар вазни то 81 кг, Сомон Хисравов ва Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100 кг намояндагӣ менамоянд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон иштироки 582 варзишгар аз 75 давлат дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE