Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» оғоз гардид

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе»-ро эълон намудааст, ки барои ҷойҳои аввали он 10 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм- 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба зикри сардори шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, дар озмун ғолибон аз рӯи се гурӯҳ (телевизион, радио ва матбуот) муайян карда мешаванд. Озмуни мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, бо мақсади ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси дастовардҳои пойтахти мамлакат роҳандозӣ шудааст.

«Довталабон метавонанд маводи худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, х.Рӯдакӣ 40, шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд»,- илова кард Ҷамшед Олимов.

Тибқи талаботи низомномаи озмун, дар он танҳо намояндагони ВАО-и давлатие, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, иштирок карда метавонанд.

Барои иштирок дар озмун довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

— дархост барои иштирок дар озмун;

— нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;

— маълумотнома оид ба суроғаи ҷойгиршавӣ;

— пешниҳоди мавод дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе

(дар флэшкорт);

Барномаи телевизионӣ ва радиоӣ на кам аз 20 дақиқа ва на беш аз 35 дақиқа ва мақола дар ҳаҷми на кам аз 3 саҳифа (саҳифаи рӯзнома) ва дар он дастовардҳою рушди соҳаҳои гуногуни пойтахт ва саҳми Раиси шаҳр дар ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе возеҳу равшан инъикос ёфта бошад;

Муҳлати охири қабули барномаҳо то 10 январи соли 2023 мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE