Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ғолибони озмунҳо мукофотонида шуданд

ДУШАНБЕ, 05.01.2023. /РАДИОИ “САДОИ ДУШАНБЕ/. Аз ҷониби роҳбарияти  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва устодони онҳо, инчунин ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ  аз 1000 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора  котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ хабар дод.

Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба 13 нафар омӯзгороне, ки дар муҳлати муайяншуда рисолаи докториву номзадии хешро дифоъ намуда, аз ҷониби Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, барои рисолаи докторӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барои рисолаи номзадӣ 1500 сомонӣ тақдим намуд.

Инчунин ба 6 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, 5 ҳазор сомонӣ, ба 10 нафар донишҷӯёне, ки дар озмунҳои иштирок намуданду ноком шуданд, 1000 сомонӣ, ба 7 нафар донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои якум гардиданд, 2 ҳазор сомонӣ ва ба 5 нафар роҳбар барои ҷойҳои дуюм 1000 сомонӣ супорида шуд.

Роҳбарияти донишгоҳ ба иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» 1000 сомонӣ ва ба иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба 3 нафари ҷойи аввал 10 ҳазор сомонӣ, 2 нафари ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва ба 2 нафари ҷойи сеюм 4 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE