Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон
6 январи соли 2023 вохӯрии сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермухамбет Конуспаев баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот табодули паёмҳои табрикии роҳбарони ду кишвар ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судмандро густариш медиҳанд.