Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баргузор гардид. Аз макони баргузории ин нишаст ҳамкорамон Мижгонаи Насриддин иттилоъ медиҳад, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ бо 27 кишвари хориҷии дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода изҳор дошт. Ба гуфтаи номбурда ин созишномаҳо бо 9 кишвари ИДМ 7 кишвари Иттиҳоди Аврупо ва 11 кишвари Осиё мебошанд.