Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муайян карда шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар медиҳад.

Дар робита ба ин Вазорати корҳои дохилии мамлакат аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, даъват менамояд, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Барои ивази шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин, аз ҷумла шиносномаи намунаи соли 1996, рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН), маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ), расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд), дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот, шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ) ва як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х 4,5 мм зарур мебошанд.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ширкатҳои алоқаи мобилӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 (ID корт) зиёда аз 6,1 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаи азнавбақайдгирӣ моҳи ноябри соли 2022 ба 69 747 адад симкорт баробар гардид.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» барои аз нав ба қайд гирифтани SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ дар асоси шиносномаи ID, намунаи соли 2014 Хадамоти алоқа барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014-ро надоранд, то 15 феврали соли 2023 чораҷӯӣ менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE