Вазорати маориф: Таътили зимистонаи хонандагон то 20-уми январ тамдид гардид

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад…

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE