Имсол дар чанде аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар синфҳои махсуси футбол ташкил карда мешавад

13 январ дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли равон баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои мавсими соли 2023 тасдиқ карда шуданд. Дар ин бора дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов суханронӣ намуда, оид ба рафти иҷрои қарорҳои Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки 26 августи соли гузашта баргузор гардида буд, маълумоти муфассал дод. Ӯ иброз дошт, ки вазифаҳои асосӣ иҷро гардиданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки аз 1 сентябри соли равон дар заминаи чор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар синфҳои махсуси футбол ташкил намоянд.

Сипас, мусобиқаҳое, ки имсол таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд, баррасӣ шуданд.

Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ аз 1 апрел оғоз мешавад ва мисли соли гузашта дар ду марҳила доир мегардад. Дар навбати аввал – ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Баъдан дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯригӣ мегузаронад.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6 май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Замони оғози вохӯрӣ соати 19:00 дар назар дошта шудааст.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тасдиқ шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE