Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Фарғона дар Узбекистон иштирок намуд

15 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси созишномаҳои байниҳукуматии сарони се давлат- Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буданд, Форуми сулҳи Фарғона баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд итилоъ доданд.

Ҳадафи Форуми сулҳи Фарғона таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Баргузории он мардумони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро боз ҳам наздиктар менамояд.

Дар форум гуфта шуд, ки саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар таҳкими дӯстии халқҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа муҳим мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Тоҷикистон буда, бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбекистон, инчунин бо вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкории зич дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE