Дар Душанбе масъалаи расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ баррасӣ гардид

 Дар  тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ мавриди амал қарор дорад. Ин матлаб 13 январ зимни баргузории ҷаласаи назоратии назди муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамшед Шодихон оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022 «Дар бораи  пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» баргузор гардид, баён карда шуд. Дар ин бора дар маркази матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд.

Дар кори ҷаласа мудирони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.

Ҷамшед Шодихон оид ба фаъолияти бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ суханронӣ намуда, барои минбаъд ҷоннок намудани масъалаи мазкур ва саривақт ба иҷро расонидани  қарори Ҳукумат ба масъулин супоришҳо дод.

Ҳамзамон дар ҷаласа намояндагони Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»,  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ вобаста ба рафти татбиқи қарори болозикр маълумот пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода  шуд, ки дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои алоқаманд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ боз ҳам  пурзӯр намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар изҳор доштанд, ки «ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад».

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE