Имрӯз Роналду муқобили Месси ба майдон меояд
Дар сафи дастаи кишвари Арбистони Саудӣ устодони бузурги дорои таърихи пурғановати футболи аврупоӣ баромад мекунанд ва ин бархурди абарситорагони футболӣ дар пасманзари фазои ғуборолуди биёбони арабӣ ба ёдгор мемонад.
Имрӯз, 19-уми январ Криштиану Роналду дигарбора бо Лионел Месси дидор мекунад. «ПСЖ» муқобили ситорагони «Ал-Наср» ва «Ал-Ҳилол» ба майдон меояд. Новобаста аз он, ки португалии мумтоз ягон бозие дар дастаи нав нагузаронидааст, ӯ сарвони маҳаллии «дрим-тим» (дастаи яккачини иборат аз бозигарони тимҳои «Ал-Наср» ва «Ал-Ҳилол») хоҳад буд. Бозӣ ба вақти 22:00-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи «Шоҳ Фаҳд»-и Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ доир мешавад. Бароятон мегӯем, ки дар дастаи Криштиану Роналду муқобили «ПСЖ» кӣ бозӣ мекунад.
Дарвозабони «Ал-Наср» ва собиқ бозигари «Наполи» ва «Арсенал» Давид Оспина муқобили «ПСЖ» вориди майдон намешавад. Ӯ ҷароҳат бардошт ва ҷарроҳиро интизор аст. Ин маънои онро дорад, ки муқобили «ПСЖ» дарвозабони мунтахаби Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ал-Увайс бозӣ мекунад. Ӯ намояндаи бошгоҳи «Ал-Ҳилол» аст.
Дар маркази хати дифоъ бошад Алваро Гонсалес амал хоҳад кард. Испании 33-сола ба сафи «Ал-Наср» тобистони соли 2022 гузариш намуда буд ва пештар бошад дар сафи «Эспанйол», «Вилярреал» ва «Марсел» баромад мекард. Дар самти чапи дифоъ Гислен Конан ҳунарнамоӣ мекунад. Ин бозигар сафи «Ал-Наср»-ро замони гузариш аз «Реймс» тобистон пурра намуда буд.
Дар хати нимҳимоя ҳам чанде аз насабҳои шинос ҳастанд. Луис Густаво – собиқ бозигари «Бавария» ва акнун бозигари «Ал-Наср». Ӯ 35 сол дошта, дар мавқеи нимҳимоягари такягоҳӣ бозӣ мекунад. Дар ин мавсим Густаво муаллифи чор голу ду ассист дар 13 бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ мебошад. Дар паҳлӯяш Густаво Куэляри колумбиявӣ хоҳад буд. Ин бозигар дар сафи «Ал-Ҳилол» баромад мекунад.
Дар хати ҳамла бошад Гонсало Мартинес омодаи баромадан ба майдон аст. Бошгоҳи «Ал-Наср» аз барои ин аргентинӣ моҳи сентябр 16 млн евро пардохт намудааст. Ғайр аз ӯ пайдошавии собиқ нимҳимоягарони «Бенфика» Андре Каррилйо ва Андерсон Талискаро низ интизор шудан мумкин аст. Талиска 11 гол дар 11 бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ ба самар расонидааст. Эҳтимолан дар ин бозӣ собиқ бозигари «Спортинг» ва «Вест Бромвич» Матеус Перейра ва собиқ бозигари «Порту» Мусса Марега вориди рақобат мешаванд. Ҳардӯи онҳо бозигарони «Ал-Ҳилол» ҳастанд.
Дар хати пеш дар радифи Криштиану Роналду метавонад Венсан Абубакар бозӣ кунад. Пештар ӯ дар сафи тимҳои «Лорян» ва «Порту» баромад мекард. Аммо иштироки ӯ зери суол аст ва эҳтимолан ин ҳам бо сабаби ҷанҷолҳояш бо Криштиану Роналду мебошад ва ӯ дастаро тарк мекунад. Аз тими «Ал-Ҳилол» дар хати пеш метавонанд собиқ ҳамлавари «МЮ» Одион Игало ва собиқ ҳамлавари «Атлетико» Лусиано Вйетто ба майдон бароянд. Бозигари нигериявӣ бошад айни ҳол беҳтарин бозигар бошгоҳи саудӣ мебошад.
Чӣ тавре L’Équipe менависад «ПСЖ» баҳри иштирок дар ин бозӣ 10 млн евро ба даст меорад. Бо сухар сари рақобати байниҳамдигарии Криштиану Роналду ва Лионел Месси метавон гуфт, ки бори ахир онҳо моҳи декабри соли 2020 муқобили ҳамдигар бозӣ карда буданд. Он замон «Ювентус» «Барселона»-ро бо ҳисоби бузурги 3:0 дар Лигаи чемпионҳо шикаст дода буд ва бозигари португалӣ ду гол ба самар расонида буд.
Сарчашма: «Чемпионат»