Дастаи варзишгарони шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон ҷойи аввалро гирифт

Дастаи варзишгарони шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон ва занон) соҳиби ҷойи аввал гардид. Дастаи мазкур бо гирифтани 34 медал, аз ҷумла 17 медали тилло, 4 нуқра ва 13 биринҷӣ ин мақомро соҳиб шуд. Дар ин хусус дар Муассисаи давлатии Мактаби махсуси захираҳои олимпии №9 хабар доданд.

Дар мусобиқаи мазкур ҷойи дуюмро дастаи варзишгарони вилояти Суғд бо гирифтани 16 медал- 3 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст овард.

Ҷойи сеюмро дастаи варзишгарони Хатлон 2-и минтақаи Кӯлоб бо гирифтани 19 медал- 2 тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа дастаи варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 медал- 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овард.

Дастаи варзишгарони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мусобиқа 2 медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварда, дастаи варзишии Хатлон 2-и минтақаи Бохтар 1 медали биринҷӣ гирифт.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ»-и шаҳри Душанбе 25 феврал оғоз ёфта, то 28 феврал идома кард.

Мусобиқа бо мақсади интихоб намудани беҳтарин дастаи яккачин, беҳтарин варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ташкил гардид.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Тоҷикистон доир карда шуда, дар он 134 варзишгари тоҷик, аз ҷумла мардону занон иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE