МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) БО ТИМҲОИ АВСТРАЛИЯ, ЛАОС ВА КОРЕЯИ ШИМОЛӢ БОЗӢ МЕКУНАД

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ 43 даста ба ёздаҳ гурӯҳ тақсим шуд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойи дуюмро ишғолкарда ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE