Ҷамбасти марҳилаи аввали Бундеслигаи Олмон. Бавария пешсафиро ба касе намедиҳад   

Баварияи Мюнхен тавонист, ки марҳилаи аввалли Бундеслигаро бо пешсафӣ ҷамбаст кунад. Дар доираи даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии Олмон оид ба футбол дастаи Борусияи Дортмунд тими Майнтсро пушти сар гузошт. Ҳамчунин Бавария дидорашро бо тими Келн бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст намуд.

Давоми ду рӯзи гузашта дидорҳои даври 17-уми Бундеслига сурат гирифт, ки бо анҷоми ин давр нимаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Олмон оид ба футбол ҷамъбаст гардид. Ахиран шоми гузашта дастаи Борусияи Дортмунд дар сафар бо тими Майнтс рӯ ба рӯ гардида, тавонист бо натиҷаи 1:2 пирузӣ ба даст орад. Ҳарчанд нахуст дар дақиқаи дуюми дидор Ли Чже Сон бо голи задааш тими Майнтсро ба пеш баровард аммо дар идома Борусия тавонист то анҷоми бозӣ пирӯзиро насиби худ гардонад. Рюэрсон алакай пас аз ду дақиқаи голи задаи мизбонон ҳисобро баробар кард. Бо ҳамин натиҷаи дидор то лаҳзаҳои охир ҷараён дошт, вале голи задаи Рейна дар дақиқаҳои ниҳоӣ се имтиёзи заруриро насиби Дортмунд кард ва мавқеи ин дастаро дар ҷадвал тағир дод. Айни замон Борусия бо касби 31 имтиёз ва бо тафовути камтари холҳо аз тимҳои пешсаф дар мақоми панҷум қарор дорад.

Ҳамчунин дар ин шаб дастаи Байер бо тими Бохум рӯ ба рӯ гашта, онро бо ворид кардани ду голи беҷавоб пушти сар гузошт. Байер ҳамакнун бо касби 24 имтиёз дар мақоми ҳаштум мавқеъ касб кардааст.

Аусбург бошад пас аз харидории чанд футболбози нав дар ҳайаташ тавонист дар даври 17-уми рақобатҳои Бундеслига пирӯзӣ ба даст орад ва аз зинаҳои хатарноки сегонаи охир худро дуртар барад. Ин навбат тими Аусбург бо Борусия мюнхенгладбах андари майдони рақобат шуда, бо ворид кардани як голи беҷавоб пирузӣ ба даст овард. Айни замон Аусбург бо 18 хол дар зинаи 14-ум ҷой дорад. Борусия бошад бо 22 хол дар зинаи 9-ум қарор дорад.

Бо анҷом ёфтани нимаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Олмон оид ба футбол Бавария тавонист ки пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дорад. Дастпарварони Юлиан нагелсман дар 17 давр бо 10 ғалаба ва 1 мағлубият 36 имтиёз доранд. Дар даври 17-уми Бундеслига Бавария бо тими Келн дидорашро бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамбаст намуд.

Дастаи Унион Берлин, ки дар ин мавсис шомили Бундеслига гаштааст, дар қатори пешсафон талошро барои унвони қаҳрамонии Олмон идома дода истодааст. Дар ин давр низ ин даста таовнист рақибаш Вердерро мағлуб намуда, бо касбит 33 имтиёз пас аз Бавария мавқеашро устувортар гардонад.

РБ Лейпсиг бошад дар даври 17-уми Бундеслига тими Шалкеро бо натиҷаи бузурги 6:1 ба шикасти бузург ру ба ру кард. Дастаи Лейпсиг бо камбуди як хол аз дастаи Унион шомили сегонаи аввали ҷадвали мусобиқа аст. Ҳамчунин дар ин даври рақобатҳо дастаи Волфсбург тими Гертаро бо ворид кардани панҷ голи беҷавоб мағлуб кард. Дидорҳои дастаҳои Фрайбургу айнтрахт ва Хофенхайму Штутгарт бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст шуданд.                                                                                                                                                        

Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE