Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия панҷ паҳлавон муаррифӣ менамоянд
Аз 26 то 28 январи соли равон дар шаҳри Одивелас мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа 641 варзишгар (356 мард, 285 зан) аз 90 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгар, аз ҷумла Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 66кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (дар вазни то 73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (дар вазни то 81кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзодаро (ҳарду дар вазни то 100кг) ба Португалия равон менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибон 3000 евро, барандагони медали нуқра 2000 ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро супурда мешавад.
Ҳамчунин варзишгарон хол гирифта, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд.