Соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишнома ба имзо расониданд
Бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни ҶДММ «Зардолу ва К» ва ҶДММ «Скиф Трейд», ҶДММ «Меваю сабзавот» ва ҶДММ «Lion Fruit», ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» ва ҶДММ «Umay Agro Impex», ҶДММ «Агробиёхим» ва ҶДММ «Скиф Трейд» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Созишномаҳо дар доираи сафари соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд ба имзо расонида шуданд.
Ҳамзамон дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мулоқоти соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Қазоқистон доир гардид.
Дар мулоқот имконоти сармоягузорӣ, маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Суғд ва ҳаҷми содироти он ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар метавонанд барои содироти маҳсулоти полезӣ ва меваи хушку тар ҳамкорӣ ба роҳ монанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби доираҳои тиҷоратии ду кишвар имконоти тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулоти дорои талабот дар бозорҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ карда шуданд.