Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алҷазоир сафар намуд

Субҳи имрӯз ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир  сафар намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов хабар дод.

Сафари мазкур бо даъвати Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ анҷом дода шуда, аз 28 то 31 январ идома меёбад.

Дар назар аст, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар кори 17-умин ҷаласаи Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчун майдони фарохи   вокуниш ба чолишҳои замони муосир ва  рафъи оқибатҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо дар ҷаҳони ислом нақши муҳим дорад. Созмони мазкур 57 мамлакатро муттаҳид менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE