Тоҷикистон ва Лубнон масоили тавсеаи робитаҳои судмандро баррасӣ намуданд

4 июни соли 2024 дар Бейрут вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирин Абдуллоҳ Бу Ҳабиб, вазири сайёҳӣ Валид Нассор ва раиси Палатаи савдо, саноат ва кишоварзии Ҷумҳурии Лубнон Муҳаммад Алӣ Шуқайр сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба вазъияти Ховари Миёна табодули афкор намуданд.

Инчунин дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Лубнонро дар самтҳои тиҷоратӣ, соҳибкорию сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва табодули таҷриба дар ин заминаро мавриди муҳокима қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE