Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Ҳунари пайкарасозӣ” намоиш ифтитоҳ гардид
Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таҳти унвони “Ҳунари пайкарасозӣ” намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и пойтахт иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи расмии намоиш Иброҳимзода Зафаршо директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баён намуданд, ки ҳунари пайкарасозӣ таърихи қадима дошта, имрӯз як ҷузъи муҳими фонди Осорхонаи миллиро пайкара ва нимпайкараҳо ташкил медиҳанд ва онҳо дар инъикос намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши муассир доранд.
Дар намоиш зиёда аз 50 адад пайкара ва нимпайкараҳои офаридаҳои Ғаниев А., Раҷабов У., Яъқубов М., Татаринова Е.А., Чередниченко Г.Г., Иванов И. Г., Жумагазин К., Ҳакимов Н., Ахунов О. А., Закиров К.Ю., Одинаев В., Табза Л.В. ва дигарон ба тамошо бароварда шудаанд.
Пайкара ва нимпайкараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, фарогири мавзӯҳои гуногун аз қабили дӯстӣ, ҷавонӣ, донишҷӯӣ ва илмомӯзӣ мебошанд. Муаллифон асарҳои хешро бо истифода аз гаҷ, саффол, чӯб, чӯян, санги хоро (гранит), навъҳои гуногуни гил ва дигар навъҳои сангу филиз офаридаанд.
Дар намоиш асарҳо бо номҳои “Духтари мактабхон”, “Суғдиён”, “Муаллима”, “Орзу”, Чӯпон”, “Низомиёни савора”, “Суруди кӯҳҳо”, “Бинокорзан”, “Шоир Басир Расо”, “Боқи Раҳимзода”, “РассомЛисиков И.Л.” ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.
Ҳадафаз баргузор намудани намоиш инъикос намудани ҳунари пайкара ва нимпайкарасозӣ мебошад, ки ба воситаи ин ҳунар ҳодисаҳои таърихӣ, кору пайкор, чеҳраҳои шинохта, орзую омол ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” зиёда аз 400 адад пайкара ва нимпайкараҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз мегарданд, ки аз рӯзгори гузаштаи ниёгони тоҷикон қисса мекунанд.
Намоиши “Ҳунари пайкарасозӣ” то 01 марти соли 2023 идома меёбад.