Ишкошим: қулла ба номи Раҳим Масов

Қуллае бо баландии шаш ҳазор метр дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба номи фарзанди номдори миллати тоҷик, таърихнигор, академик Раҳим Масов гузошта шуд.

Ин иқдом дар асоси тасмими иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони мардуми ноҳияи Ишкошими ВМКБ амалӣ гардид.

Раҳим Масов аз маъруфтарин таърихнигорони тоҷик буда, муаллифи асарҳои илмии “Таърихи тақсимоти табарӣ” (бо номи “Таърихи табартақсим” машҳур аст), “Тоҷикон: таърих таҳти муҳри “қатъиян сиррӣ”, “Тоҷикон: фишор ва иқдом” ва дигар китобу мақолаҳо мебошад.

Неъмати МУҲИБ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE