НАМОИШГОҲИ «ПРОДЭКСПО-2023». Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба намоиш гузошта шуданд

ҶДММ «Экофрукт Исфара»-и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва иштирок карда, намудҳои гуногуни хушкмеваҳои ин коргоҳро, ки бастубанд гардида, ба содирот нигаронида шудаанд, ба намоиш гузошт. Дар ин хусус дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар  намоишгоҳ зиёда аз 2000 ширкат аз 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Туркия, Федератсияи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин  ва дигарон иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ, инчунин намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Абдулакимов», ҶДММ «Субҳи ватан», ҶДММ «Ҳариф» ва ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон», ки ба коркард ва истеҳсоли меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, муҳсулоти худро  муаррифӣ намуданд.

Гуфта шуд,  ки ҳадаф аз баргузории ин гуна намоишгҳо- муаррифии  маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ  ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мебошад.

Дар доираи намоишгоҳ аъзои Палата бо роҳбарони якчанд ширкат ва марказҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак  вохӯрӣ намуданд.

Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва  10 феврал анҷом меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE