Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон доир ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ конференсия баргузор гардид
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти унвони «Арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар конференсия аз ҷониби маърузачиён чанд ҷанбаи ҷашни Наврӯз, аз қабили масъалаҳои консептуалии таҷлили ҷашн дар шароити байналмилалӣ гардидани он, таҷлили ҷашн дар оини бостон, истифода ва ҷойгоҳи мусиқӣ дар ин ҷашн, тавсиф ва тобишҳои маъноии вожаи «Наврӯз» дар ашъори шоирон ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки Наврӯз аслан ҷашни зиндагисоз, эҳёи табиат, алоқаманд бо инсон, падидаи зебоипарастӣ, воситаи хурсандӣ, эҷодкорӣ ва ободӣ буда, воқеан ҳам ҷашни мардумӣ аст. Устодони мусиқии мо дар гузашта барои дар сатҳи муносиб ҷашн гирифтани ин иди бузург оҳангҳои зебову дилнишин ва пуршӯру ҳаяҷоне офаридаанд, то рӯзгорашонро бо шодию хуррамӣ омезиш диҳанд.
Зарур аст, ки Консерватория ҳамчун муассисаи олии касбии мусиқӣ он оҳангҳои зеборо дар асоси рисолаҳои мусиқӣ, ки аз асрҳои миёна боқӣ мондаанд, дубора зинда намуда, ба зиндагии имрӯза ворид намояд.