Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт

Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» бақайдгирӣ оғоз ёфт. Тибқи иттилои котиботи раванди оби Душанбе, чорабиниҳои марбут ба конфронс давоми чор рӯз- аз 25 то 28 май баргузор мешаванд.

Форумҳо ва чорабиниҳои иловагӣ 25 май, як рӯз пеш аз ифтитоҳи расмии конфронс баргузор мегарданд. Макони баргузории форумҳо аз ҷониби созмондиҳандагон муайян ва баъдтар эълон карда мешавад. Маросими ифтитоҳи Конфронси сатҳи баланд 26-27 май дар Маҷмааи «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Иштирокчиёни конфронс инчунин ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, бо иқтидор ва захираҳои обӣ, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии устувори захираҳои об ва рушди неругоҳҳои барқи обӣ шинос мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи раванди оби Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE