«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор намуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шурӯъ аз 8 феврал баъд аз се соли танаффус парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор намуд. Дар ин хусус ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Урумчӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шуда, давомнокии парвоз дуюним соатро ташкил медиҳад. Шурӯъ аз нимаи аввали моҳи март ширкати ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Урумчӣ ҳафтае ду маротиба парвоз хоҳад кард.

Инчунин «Сомон Эйр» шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Новосибирск афзоиш додааст. Аз 5 феврал парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. Рӯзҳои чоршанбе вақти парвоз аз Душанбе 18:00, аз Новосибирск 00:50 (шаби панҷшанбе), рӯзҳои якшанбе парвоз аз фурудгоҳи Душанбе соати 12:00 ва баргашт соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз 3 соат буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE